Мулоқоти Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири навтаъини Амороти Муттаҳидаи Араб

20 ноябри соли 2017 дар бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холназаров Баҳром бо Сафири навтаъини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳаш дар Ҷумҳурии Қазоқистон Муҳаммад Аҳмад Алҷабир баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ, ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои консулие, ки  зимни  машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии тарафҳо санаи 20 октябри соли ҷорӣ баррасӣ гардида буданд, мубодилаи афкор намуданд.

сардори Сарраёсати Консулгари ЧТ