Нишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе

15 октябри соли 2017 дар Душанбе дар остонаи Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе нишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нишасти коршиносони аршадро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ифтитоҳ намуд.

Дар нишасти мазкур пешнависи санади поёнии Форум ва масъалаҳои рушди ҳамкории байниминтақавӣ  баррасӣ шуданд.

Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 16 октябри соли 2017 дар Душанбе бо иштироки Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисоди кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барпо мешавад.

1 44 55