Мулоқот бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансури

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансуриро ба ҳузур пазируфтанд.

Амороти Муттаҳидаи Араб шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар Осиё ва соли 2017 ҳамчун соли рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб арзёбӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Аморот бароидастгирӣ ва кумакҳои беғаразона ҷиҳати бартарафсозии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуданд ва ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид доштанд.

Доир ба фаъолсозии нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Аморот, ҳамчунин ифтитоҳи намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҳавасмандии ҷонибҳо ҳамчунин ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, боркашонӣ – логистикӣ ва сайёҳию инфрасохтори он таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон дигар мавзуҳои мавриди таваҷчуҳи тарафҳо карордошта баррасӣ шуд.

 

إمارات 2

????????????????????????????????????

????????????????????????????????????