Мо аз Тоҷикистон фарҳанги миллӣ ва муҳаббати тоҷикиро армуғон мебарем»-суҳбати сарироҳӣ бо сайёҳони хориҷӣ

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.Ҳафтаи гузашта аз Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҳайати илмӣ-адабӣ як гурӯҳ сайёҳон ба Тоҷикистон омада буданд. Меҳмонони хориҷӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷараёни таълиму таҳсил ва шароити хониш дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо шинос шуда, сипас аз обанбори НБО «Норак», Кохи Наврӯз, Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи миллӣ ва дигар мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангии Тоҷикистон дидан карданд.

Сафари ҳайати илмӣ-адабии Аморати Муттаҳидаи Араб тариқи Сафорати Тоҷикистон дар АМА ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт.

Ҳайати сайёҳон аз даҳ нафар иборат буд, ки дар қатори онҳо ходимони давлатии АМА, аз ҷумла Абдулваҳҳоб Абдул, собиқ Раиси Суди Олии АМА, Сауд ал-Алӣ, мудири мактаби Суди Олии АМА, Муҳаммад Комил Муайнӣ, роҳбари Пажӯҳишгоҳи фарҳанги дипломатии АМА, Марям Шиносӣ, собиқ Вазири ҳифзи муҳити зист, ҳоло роҳбари «Хонаи Ёсамин» (таъбу нашри китоб), инчунин нависандагон ва рӯзноманигорон Носир Зоҳирӣ (нависанда, молики муассисаҳои филмбарорӣ дар 8 кишвари олам), Ҳамад ал-Ғафлӣ, нависанда, Абдураҳмон ал-Бастакӣ, рӯзноманигор, Фотима ал-Блушӣ рӯзноманигор буданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар фурудгоҳи Душанбе, пеш аз парвози меҳмонон ба ватанашон бо се нафари онҳо:  Носир Зоҳирӣ, Марям Шиносӣ ва Муҳаммад Комил Муайнӣ суҳбати сарироҳӣ баргузор кард.

 АМИТ «Ховар»: Оё қабл аз сафар ба Душанбе дар бораи Тоҷикистон маълумот доштед ва кишвари моро чӣ гуна тасаввур мекардед?

Носир Зоҳирӣ: Дар бораи Тоҷикистон аз китобҳое, ки даҳсолаҳо пеш  тарҷума шуда буданд, аз ҷумла дар нашриёти «Радуга»-и Россия маълумоти нопурра доштам. Аммо тавофут миёни маълумоти аз китобҳо гирифтаам ва он воқеияте, ки ба чашми худ дар Тоҷикистон дидам, аз замин то осмон аст. То ҳоло таҳти таассуроти неке ҳастам, ки аз нахустин қадами ба хоки Тоҷикистон мондаам маро фаро гирифта буд, яъне тоҷиконро ҳамчун мардуми нексириште дарёфтам, ки мехоҳанд ба дигарон кумак кунанд, чеҳраи кушодаву дили соф доранд, сарфи назар аз он ки шумо аз куҷо ҳастед, кӣ ҳастед, мехоҳанд дар ҳалли ҳама масоил ба шумо мусоидат кунанд.

АМИТ «Ховар»: Фарҳанг ва рӯзгори тоҷиконро чӣ гуна дарёфтед, шояд ягон ҷузъи фарҳанги мо бароятон ҷолиби диққат буд?

Носир Зоҳирӣ: Бояд гуфт, ки дар баробари нависанда буданам, ҳамчунин дар рӯзномаи «Ал-Иттиҳод» саҳифаи алоҳида дорам, ки ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар он мақолаҳоямро дар бораи кишварҳои гуногуни ҷаҳон нашр мекунам. Ман ҳамаи таассуроти хешро аз мардуми Тоҷикистон ва табиати ин кишвари нозанин дар рӯзномаи «Ал-Иттиҳод» дар мақолаи ҷудогона инъикос ва аксҳои Тоҷикистону мардумони онро нашр мекунам. Ҳатман нусхаи он мақолаҳоямро бароятон мефиристам. Зеро бисёр ҳолатҳоеро дидам, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва озодагиву зебоии миллати тоҷик буданд. Ҳамчунин дар кишвари олам, (аз ҷумла, дар Англия, Франсия, Испания) муассисаҳои филмбарорӣ дорам ва имкон дорад, ки дар бораи Тоҷикистону мардумони нексиришти он филм низ бардорем.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Марям Шиносӣ, дар давоми сафаратон аз занону духтарони тоҷик барои худ дӯсту рафиқ пайдо кардед?

Марям Шиносӣ: Бароятон бояд бигӯям, ки ман аллакай бори дуюм аст ба Тоҷикистон меоям ва аз муҳассилоне, ки дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мехонанд, шиносҳо ва дугонаҳои зиёде пайдо кардаам (механдад).

 АМИТ «Ховар»: Аз муносибат ва муошират бо занону духтарони тоҷик чӣ таассурот бардоштед?

Марям Шиносӣ: Ба ман талошҳо ва ҷидду ҷаҳди донишҷӯдухтарони тоҷик хеле писанд омад. Пас аз се моҳи сафари нахустинам мушоҳида кардам, ки сатҳи забондонии донишҷӯдухтарони тоҷик хеле боло рафтааст. Агар дар он сафар зимни суҳбат канда-канда ҳарф мезаданд, пас дар ин сафар бо ман хеле бароҳат ҳарф мезаданд, ки бароям хушоянд буд. Ин пешравии донишҷӯдухтарон маро водор кард, ки азм намоям аз ҳисоби «Хонаи Ёсамин» барои китобхонаи факулта ва Донишгоҳи миллӣ ба забони арабӣ китобҳои таълимӣ тақдим намоям. Баъд аз расидан ба ватанам ҳатман аз пайи иҷрои ин амали нек мешавам.

АМИТ «Ховар»: Мавқеи занону духтарони тоҷикро дар ҷомеаи Тоҷикистон чӣ гуна дарёфтед? Муомила ва муоширати аҳли ҷомеа нисбат ба занону духтарони тоҷик аз назари шумо чӣ хел аст?

Марям Шиносӣ: Мушоҳида кардам, ки занону духтарони тоҷик дар баробари машғул будан ба корҳои хонавода ва оила, ҳамчунин ба корҳои илмӣ, хонишу таҳсил ва корҳои давлатию идоравӣ банд ҳастанд. Яъне озодона дар иҷрои  қариб ҳамаи касбу машғулият ҳунар доранд, аммо бештар ва пештар аз ҳама, ба оила ва хонаводаи хеш таваҷҷуҳ мекунанд ва дар анҷом додани корҳои оилавӣ худро бештар масъул медонанд.

АМИТ «Ховар»: Тамошои обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷолиб буд?

Муҳаммад Комил Муайнӣ: Бале, тамошои шаҳри Норак ва обанбори Норак бароямон ҷолиб буд. Обанбори Норак шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои обӣ хеле босамар истифода мекунад. Иттилоъ гирифтем, ки зиёда аз 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳз дар Тоҷикистон тавлид мешаванд ва аз он хушамон омад, ки дар Тоҷикистон бо ин неъмати худодод дар ҳамаи фаслҳои сол- ҳам дар фасли сармо ва ҳам дар фасли гармо муносибати дурусту сарфакорона сурат мегирад. Ва аз ҳама ҷолибу зебо бароямон раванди хазинаи об – яъне ҷамъоварӣ ва нигоҳдошти он буд.

АМИТ «Ховар»: Дар Душанбе намози ҷумъа хондед?

 Носир Зоҳирӣ: Дар масҷиди ҷомеъи Душанбе дар қатори дигарон мо низ намози ҷумъа хондем ва бо муфтии кишвари шумо дар саҳни масҷид суҳбати кӯтоҳе  низ доштем. Рости гап мо интизор набудем, ки дар Тоҷикистон дар масҷид ин қадар шумораи зиёди намозгузоронро вомехӯрем. Ҳатто тасаввур намекардем, ки дар рӯзи ҷумъа ин қадар одамони зиёд ба масҷид барои хондани намоз меоянд. Бештар ба хутбаи имом-хатиб таваҷҷуҳ зоҳир кардем, ки дар хутба чӣ гуфта мешавад? Ва аз он чӣ ки шунидем, хеле хушамон омад, зеро хутба фақат ба некиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва эҳтироми калонсолон ҳидоят мекард.

Бо чашмони худ дидем, ки дар Тоҷикистон нисбат ба эътиқоди динии одамон эҳтироми хосса қойил ҳастанд.

Марям Шиносӣ: Ман ҳам мехоҳам дар ин мавзӯъ суҳбат кунам. Зеро се моҳ қабл низ дар сафари нахустинам ба Тоҷикистон ин масъала, яъне озодии дину эътиқод бароям ҷолиб буд ва бештар дар ин мавзӯъ ташхис мекардам. Дар ҳар ду сафар ҳам эътимоди ман ба озодии дину диндорӣ бештару мустаҳкамтар шуд. Яъне ман дидам, ки дар кишвари шумо нисбат ба дину масҷид маҳдудият нест. Одамон, хусусан ҷавонон бемаҳдудият ба масҷид мераванду намоз мегузоранд.

АМИТ «Ховар»: Чун баъд аз чанд соат Тоҷикистонро тарк мекунед, шояд ягон гуфтании дигар дошта бошед…

 Муҳаммад Комил Муайнӣ: Мо дар Тоҷикистон ҳама чиро зебо дидем- ҳам табиат, ҳам одамон, ҳам либосу фарҳанги либоспӯшӣ. Либосҳои миллии шумо ончунон зебо ҳастанд, ки ман ин тоқиро вақте аз бозор харидам ва дар сар гузоштам, дигар нахостам онро аз сарам гирам (механдад), барои аҳли оилаам низ либосҳои тоҷикӣ харидам.

Бояд гӯям, ки зебоии либосҳои шумо аз фарҳанги асил, завқи баланд, табиате, ки шуморо иҳота кардааст, аз хулқи неки шумо маншаъ гирифтааст. Зебоии шумо, зебоии табиати шумо ба зебоии либосатон тавъам афтодааст. Либосҳои зебои шумо бозгӯи фарҳангу таърих ва табиати шумо — одамони хушбахт мебошад. Ман ҳамчун роҳбари Пажӯҳишгоҳи фарҳанги дипломатӣ баъд аз сафар дар Аморати Муттаҳидаи Араб  ҳатман фарҳанг ва зебоиҳои кишвари шуморо муаррифӣ мекунам, зеро дар бораи Тоҷикистон ва мардумони тоҷик дар кишварҳои арабӣ маълумот хеле кам аст.

АМИТ «Ховар»: Албатта, аз кишвари мо бо худ армуғоне  гирифтаед?

Муҳаммад Комил Муайнӣ: Мо даҳ нафар аз бозорҳои Душанбе савғоҳое зиёде харидем, вале бо итминони комил мегӯям, ки мо ҳамаамон аз Тоҷикистон фарҳанги миллӣ ва муҳаббати тоҷикиро армуғон мебарем.

АМИТ «Ховар»: Ба шумо сафари бехатар мехоҳем, боз ба Тоҷикистон биёед!